12 Октябр 2021 - 19:43
Эжаӣ дар дидори Ҷабалӣ: Садо ва симо метавонад дастгоҳи адлияро дар пешгирӣ аз ҷурм ёрӣ диҳад

Раиси Қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломии Эрон дар дидор бо раиси Созмони садо ва симо таъкид кард, садо ва симо метавонад дастгоҳи адлияро дар пешгирӣ аз ҷурм ёрӣ диҳад.

ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоия имрӯз, сешанбе дар дидор бо Паймони ҷабалӣ, раиси Созмони садо ва симо гуфт: Садо ва симо аз масири афзоиши ҳамаҷонибаи донишу огоҳиҳои ҳуқуқӣ ва ҳамчунин табйини ҳуқуқи оммаи мардум метавонад дастгоҳи адлияро дар пешгирӣ аз ҷурму коҳиши парвандаҳо ёрӣ диҳад.

  • Муҳсини Эжаӣ дар ин дидор зимни табрик ба раиси ҷадиди Созмони садо ва симо ба далели касби эътимоди Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, ба нақши бебадили расонаи миллӣ дар ҷалби эътимоду эҷоди умед дар мардум гуфт: Садо ва симо нақши бебадиле дар иттилоърасонӣ ва иртиқои бахши огоҳии умумӣ дорад.

Паймони Ҷабалӣ низ дар ин дидор бо тақдир аз рӯйкарди дастгоҳи қазо дар ҳимоят ва ҳамафзойӣ бо расонаи миллӣ дар давраи таҳаввул ва таъолӣ гуфт: Садо ва симо дар шароити душвори феълӣ, ки душман бо ҷанги расонаӣ талош мекунад эътимоду умеди мардумро махдуш кунад, барои пешбурди маъмуриятҳояш ниёзманди ҳимояти ҳамаи аркони ҳокимият аст.

Ҷабалӣ бар ҳамафзоии воқеӣ ва ҳамкории ҳарчӣ бештари расонаи миллӣ бо дастгоҳи қазо дар ростои иртиқои дониши ҳуқуқии мардум дар ҷиҳати коҳиши муъзалоти иҷтимоӣ ва мушкилоти мароҷеи қазоӣ таъкид кард ва аз Қувваи қазоия хост, замина ва бистарҳои лозим барои тавлиди муҳтаво дар хусуси мавзӯоти қазоии ниёзи ҷомеаро фароҳам кунад.

342/